Русский

 

 

 

ТАЛАБОТИ ИЛОВАГИ БА ХАРАКАТИ ВЕЛОСИПЕДХО, МОПЕДХО, АРОБАХОИ БОРКАШ, ХАМЧУНИН РОНДАНИ ХАЙВОНОТ

24.1 Ба рондани велосипед, аробаи боркаш (чана), хайвоноти боркаш ва саворй ё рама хангоми харакат дар роххо шахсони на хурдтар аз 14-сола ва ба рондани мопед — на хурдтар аз 16-сола хак доранд.
Эзох: Дар шахрхо — марказхои вилояти меъёри синну соли зикршуда камтар буда метавонад, амммо на зиёда 2 сол ва тартиби мукаррар карда мешавад, ки мувофики он ронандагони велосипедхо, мопедхо ва аробахои боркаш (чанахо) санаде доштанашон лозим аст, ки дониши онхоро оид ба коидахо ва Мукаррароти асоси тасдик намояд.
24.2 Велосипедхо, мопедхо, аробахои боркаш (чанахо), хайвоноти боркаш ва саворй бояд танхо аз канори рости рох дар як катор харакат кунанд. Харакати онхо, агар ба пиёдагардон халал нарасонад, бо канори рох низ мумкин аст.
Корвонхои велосипедронон, аробахои боркаш (чанахо), хайвоноти боркаш ва савори хангомн харакат бо кисми мошингарди рох бояд ба гуруххо: велосипедронон, ронандагони хайвоноти боркаш ва савори — 10 нафарй ва ронандагони аробахо (чанахо) — 5 нафарй таксим шаванд. Барон осон шудани сабкат масофаи байни гуруххо бояд 80-100 м бошад.
24.3 Ба ронандагони велосипед ва мопед амалхои зерин манъ аст:
сукконро (рулро) акалан бо як даст надошта,харакат кардан;
интиколи мусофирон, ба гайр аз тифлон то 7-сола дар
нишастгохи иловагие, ки бо поймонакхои устувор мучаххаз нест;
кашондани боре, ки зиёдтар аз 0,5 м ба дарози ё бар аз
габаритхо берун аст ё боре, ки ба рондан халал мерасонад;
харакат кардан бо рох, дар сурате, ки дар канори рох пайрахаи велосипедрони мавчуд аст;
' Дар роххое, ки трамвай харакат мекунад ва дар роххое, ки
ба як самт зиёда аз як хати харакат доранд ба чап гаштан ё
тоб хурдан.

Кашида бурданим велосипедхо ва мопедхо, хамчун ба воситаи велосипедхо ва мопедхо кашида бурда шудан, ба гайр аз ядакхое, ки барои истифодабарии бо велосипед ё мопед пешбини шудаанд, манъ аст.
24.4 Дар буришгохи танзимнашавандаи пайра?аи велосипедрони бо рохе, ки берун аз чорраха вокеъ аст, ронандагони велосипедхо ва мопедхо бояд ба воситахои наклиёти бо ин рох равона рох диханд.
Ронандаи аробаи боркаш (чана) хангоми азхудудихам-шафат ё аз роххои Дуюмдарача ба рохи асоси баромадан дар чойхои дидашавандагии махдуд хайвонотро аз лачомашон нигох дошта харакат намояд.
24.5 Чорво бо рох, чун коида бояд дар вакти равшани ронда шавад, галабонхо бояд чорворо хаддалимкон наздиктар бо канори рости рох ронанд.
24„6 Хангоми рондани чорво аз гузаргохи рохи охан чорво бояд бо чунин микдоре ба гуруххо чудо карда шавад, ки бо дарназардошти шумораи галабонхо рондани бехатари хар як гурух таьмин карда шавад.
24.7 Ба ронандагони аробачахои боркаши (чана), ронандагони хайвоноти боркаш, савори ва галабонхо чунин амалхо манъ аст;
дар рох бе назорат гузоштани хайвонот;
бо роххои охан ва роххои берун аз чойхои махсус чудокар-дашуда, хамчунин дар вакти торики ва дар шароити дидашавандагии гайрикофи (ба гайр аз гузаргоххои хайвонот дар саххои гуногун) рондани хайвонот;
дар сурати мавчуд будани дигар роххо рондани хайвонот бо роххои асфалтпуш ва бетонпуш.


Барномаи Дастрас ва Таълими Интернет (IATP) барномаи Бюрои Маориф ва Фарханги (ECA) Вазорати Корхои Хоричаи Штатхои Муттахидаи Амрико мебошад, ки дар тахти Барномаи Дастгирии Озоди (FSA) маблаггузори мегардад. IATP аз тарафи Шурои Тахкикот ва Табодули Байналмиллали (IREX) идора карда мешавад.
Copyright © 2004 Кулоб. Хамаи хукукхо махфузанд.Курбонов Ибрагим