Русский

 


КОИДАХОИ
харакат дар роххои Чумхурий Точикистон

Мукаррароти Умуми!

1.1 Хамин Коидахои харакат дар рох (минбаъд — Коидахо) тартиби харакатро дар рох дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд. Дигар асноди меъёрии марбут ба харакат дар рох бояд ба талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи харакати рох,» ва хамин Коидахо асос ёбанд ва набояд бо онхо мухолифат дошта бошанд.
1.2. Дар Коидахо мафхумхо ва истилохоти асосии зерин
истифода мешаванд:
«Шохрох» — рохе, ки бо аломати 5,1 ифода шудааст
«Велосипед» - воситаи наклёт, ки дорои ду ё зиёда чарх буда, бо кувваи мушаки одамони дар болои он нишаста ба харакат медарояд.
«Ронанда» — шахсест, ки ягон воситаи наклётро идора мекунад, галабоне, ки хайвоноти боркаш, савори ва подаро 'бо рох пеш мебарад. Омузонандаи ронандагй мансуб ба мафхуми ронанда мебошад; •
«Боздории мачбури» —катъи Харакати воситаи наклиёт бо иллатхои техники ё .хатаре, ки бори кашондашаванда, вазъи саломатки ронанда (мусофир) ва ё монеаи дар рох пайдошуда ба вучуд меояд;
«Рохи асоси» -Рохе, ки нисбат ба рохи буридашаванда (фаръи) бо аломатхои 2.1, 2.3, 3, ё 5,1 ифода карда шудааст ё рохе, ки бо асфальт, бетон, санг ва масолехи монанди инхо фарш шудааст, нисбат ба рохи хома ва ё хар рохи дигар нисбат ба роххои баромад (фаръи) аз худуди хамшафат. Бевосита пеш аз чорраха мавчуд будани китъаи рохи дуюмдарачаи фаршро (фаршшуда) ахамияти онро бо рохи асоси баробар намесозад;
«Рох»- кисми замин ё сатхи иншооти сунъии ободкардашуда ва мувофик гардондашудаест, ки барои харакати воситахои наклиёт истифода мешавад. Рох аз як ё якчанд кисмхои мошингард, хамчунин роххои – (хатхои) харакати трамвай, пиёдараха, канорахои рох ва ва хатхои таксим, хангоми мавчуд будани онхо иборат аст;
«Фалокати роху наклиёт»- ходисае, ки бо иштироки хатто як воситаи наклиёти дар холи харакат руй дода. Боиси халокат ё захми шуданги одамон, зарар дидани воситаи наклиёт, борхо, иншоот ё дигар амвол гардидааст;
«Гузаргохи рохи охан» - хамдигарро дар як сатх бурида гузаштани рохи мошингард ва роххои охан;
«Воситаи наклиёти маршрути»- воситаи наклиёти истифодаи умум (автобус, троллейбус, трамвай, таксии маршрути), ки бо хатти сайр (маршрути) мукараршуда харакат мекунад;
«Воситаи наклиёти механики»- воситаи наклиёте (ба гайр аз мопед), ки тавассути мухаррик ба харакат дароварда мешавад. Ин истилох хамчунин хама гуна тракторхо ва мошинахои худгардро дар бар мегирад.
«Мопед»- воситаи наклиёте, ки ду ё се чарх дошта, бо ----мухаррики дорои кувваи кории на зиёдтар аз 50см3 ба харакат дароварда шуда, суръати нихоии конструктивии он аз 50 км/ соат зиёд нест. Велосипедхои дорои мухаррикхои шинондашуда, моникхо ва дигар воситахои наклиёте, ки дорои чунин тавсиф мебошанд, ба мопедхо мансубанд;
«Мотоцикл»- воситаи наклиёти механикии дучарха бо ядаки (прицепи) пахлуи ё бе ядак. Воситахои наклиёти механикии се ва чорчарха, ки вазни мучаххазии онхо аз 400кг зиёд нест, ба мотоциклхо мансубанд;
«Маххали ахолинишин»- худуди сериморат, ки дохил шудан ба он хорич шудан аз он бо аломатхои 5.22-5.25 ифода карда шудааст;
«Дидашавандагии махдуд»- хангоми туман, борон, барф ва гайра, хамчунин шом камтар аз 300м дида шудани рох;
«Сабкат»- аз воситаи наклиёти харакаткардаистода пеш гузаштан, ки бо хорич шудан аз хатти ишголнамуда вобаста аст;
«Корвони мутташшакили наклиёт»- гурухи иборат аз се ва зиёда аз он воситахои наклиёти механикие, ки бевосита яке аз паси дигар дар як хатти харакатбо чарогхои фурузон ва бо мушоиати воситаи наклиёти дар саргахи корвонбудаи бо чарогаки шуълавари ранги кабуд ё чарогакхои рангхои кабуду сурх харакат мекунанд;
«Гурухи муташаккили пиёдагардон»- гурухи одамоне, ки дар рох якчоя ба як самт харакат мекунанд. Гурухи мазкур бо банди 4.2-и Коидахо ифода шудааст.
«Бозистодан»- катъи максадноки харакати воситаи наклиёт то 5- дакика, хамчунин зиёдтар аз он, дар сурате ки ин амал борои ба воситаи наклиёт савор кардан ё аз он фаровардани мусофирон ва ё боргири ё борфарори зарур бошад;
«Чорраха»- чои хамдигарро дар як сатх бурида гузаштани роххо, ба хамдигар пайваст шудан ё ба самтхо чудо гардидани онхо, ки бо хатхои пайвасткунандаи кисмхои мошингардмахдуд карда шудааст. Баромадгоххо аз худуди хамшафат чорраха хисобида мешавад;
«Пиёдагард»- шахсест, ки берун аз воситаи наклиёт, дар рох аст ва дар он чой (рох) кореро анчом намедихад. Шахсоне, ки бо аробачахои маъюбии бемухаррик харакат мекунанд, велосипеп, мопед, мотоцикл меронанд, чана, ароба, аробачаи бачагона ё маъюбиро мекашад (мебаранд), ба пиёдагардон мансубанд;
«Гузаргохи пиёдагард»- хиссае аз кисми рохи мошингард, ки бо ракамхои 5.16.1, 5.16.2 ва (ё) бо аломатхои 1.14.1-1.14.3 ифода гардида, барои аз рох гузаштани пиёдагардон чудо карда шудааст. Дар сурати набудани аломат бари гузаргохи пиёдагард бо масофаи байни ададхои 5.16.1 ва 5.16.2 муайян карда мешавад;
«Хатти харакат»- хар кадом хатти кисми мошингарди бо нишона ифодашуда ё ифоданашудае, ки барои дар як катори харакат кардани автомобилхо пахнии кофиро дорад.
«Афзалият» (бартари) – хакки харакат дар навбати аввал ба самти пешбинишуда нисбатр ба дигар иштирокчиёни харакат;
«Худуди хамшафат»- худуде, ки бевосита ба рох хамшафат буда, бароли харакати бетавваккуфи воситахои наклиёт пешбини нашудааст (хавлихо, махали ахолинишин, майдонхои нигохдории автомобилхо, станцияхои таъмини сузишвори, корхонахо ва монанди инхо).
«Ядак» (прицеп) – воситаи наклиёте, ки мухаррик надорадва барои харакат дар хайати воситаи наклиёти механики пешбини шудааст. Истилохи мазкур хамчунин ба нимядакхо ва аробахо (чана) –и чубкаши ва гайра дахл дорад.
«Кисми мошингард» - кисм (чузъи)- и рох, ки барои харакати воситахои наклиёти берелс пешбини шудааст.
«Хатти таксим»- унсури аз чихати конструктиви чудокардашудаи рох, ки кисмхои якчояи мошингардро аз хамдигар чудо мекунадва барои харакат ё истодани воситахои наклиёти берелс ва пиёдагардон пешбини нашудааст;
«Вазни нихоии чоиз»- вазни мучаххази воситаи наклиёт бо бор ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи кархонаи истехсолкунанда хамчун вазни нихоии чоиз мукаррар карда шудааст. Мачмуа вазни нихоии воситахои наклиёте, ки ба хамдигар пайваст шудаанд, яъне хамчуннаклиёти ягона харакат мекунанд, маънии вазни нихоии чоизро дорад;
« Танзимгар»- корманди милиция, бозрасии автомобилии харби, корманди хадамоти истифодабарии рох, навбатдори гузаргохи рохи охан, гузаргохи паром, дружинник, корманди гайриштатии милиция, ки гувохнома ва либоси марбута (сару либос ё нишонаи фарккунанда –бандинаи даст, ишорачуб, доирача, (диск) бо аломат, яъне ранги сурх ё нургардон, фонуси сурх ё байракча) дорад;
«Таваккуф»- катъи максадноки харакати воситаи наклиёт бо сабабхое, ки бо савор кардан ё фаровардани мусофирон ва ё боргири ба воситаи наклиёт ё борфарори аз он вобаста нест;
«Вакти торики шабонаруз»- фосилаи вакт аз охири шом то огози субх;
«Воситаи наклиёт» - тамоми намудхои автомобилхо, тракторхо ва дигар мошинхои худгард, троллейбусхо, хамчунин мотоциклхо ва дигар воситахои механикии дорои хачми кории мухаррикашон аз 50см3 зиёдтар (ё суръати хадди аксари конструктивиашон зиёда аз 40 км/соат );
«Пиёдараха» - кисм (чузъ)–и рох, ки барои харакати пиёдагардон пешбини шудааст ва хамшафати кисми мошингардмебошад ё аз он бо хатти сабзазор чудо карда шудааст.
«Рох додан (монеъ нашудан)» - талаботеро мефахмонад, ки иштирокчии харакат дар рох набояд харакатро огоз кунад, аз нав ба харакат дарояд ё харакатро идома дихад, амалиёте (маневр) –ро анчом дихад, ки бо ин сабабхо иштирокдорони дигар харакати харакати нисбат ба у хакки афзалиятдошта ба таъгир додани самти харакат ё суръат мачбур гарданд;
«Иштирокдорони харакат дар рох» - шахсе, ки аз роххои мошингард ё дигар чойхои барои харакати одамон ва борхотаъиншуда тавассути воситахои наклиёт истифода мебарад ва дар раванди харакат бевосита хамчун пиёдагард, ронанда, мусофир, воситаи наклиёт, галабон ва велосипедрон ширкат мекунад.
1.3. Иштирокдорони харакат дар рох вазифадоранд, ки талаботи ба онхо марбути Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи харакати рох», хамин Коидахо ва дигар асноди меъёриро доир ба масъалахои бехатарии харакат дар рох донанд ва бечунучаро риоя намоянд:
1.3.1. Дар Точикистон харакати воситахои наклиёт аз тарафи рост мукаррар шудааст.


Барномаи Дастрас ва Таълими Интернет (IATP) барномаи Бюрои Маориф ва Фарханги (ECA) Вазорати Корхои Хоричаи Штатхои Муттахидаи Амрико мебошад, ки дар тахти Барномаи Дастгирии Озоди (FSA) маблаггузори мегардад. IATP аз тарафи Шурои Тахкикот ва Табодули Байналмиллали (IREX) идора карда мешавад.
Copyright © 2004 Кулоб. Хамаи хукукхо махфузанд.Курбонов Ибрагим