Русский
|
ИШОРАХОИ ЧАРОГИ РАХНАМО ВА ТАНЗИМГАР
6.1. Дар чарогхои рахнамо ишорахои нурии рангхои сабз, зард, сурх
ва сафеди махтоби истифода мешаванд.
Вобаста аз таъинот ишорахои чароги рахнамо гирд (мудаввар), ба шакли акрабак
(акрабакхо), суроби пиёдагард ё велосипед ва Х-шакл шуда метавонанд.
Чарогакхои рахнамои бо ишорахои мудаввар метавонанд як ё ду руз (секция)-и
иловаги бо ишорахои намуди акрабаки (акрабакхои) сабз, ки бо ишораи гирди сабз
дар як сатх чойгиранд, дошта бошанд.
6.2. Ишорахои мудаввари чароги рахнамо маънихои зеринро доранд:
ишораи сабз бахаракат ичозат медихад;
ишораи сабзе, ки чанд лахза фурузону хомуш мешаванд, ба харакат ичозат медиханд
ва хабар медиханд, ки вакти амали он ба охир расида истодааст ва чанд лахза
баъд ишораи манъкунанда фурузон мешавад (барои огох сохтани ронандагон доир
ба вакт бо сонияхое, ки то хатми фурузоншавии ишораи сабз боки мондаан, таблохои
ракамдор истифода шуда метавонанд).
Ишораи зард, ба гайр аз холатхои дар банди 6.13 Коидахо пешбини шуда, харакатро
манъ мекунад ва аз ивазшавии дарпешистодаи ишорахо огох мекунад;
Ишораи зарде, ки фурузону хомуш мешавад, ба харакат ичозат медихад ва аз мавчудияти
чорахаи танзимшаванда ё гузаргохи пиёдагард хабар медихад, аз хатар огох месозад;
Ишораи сурх аз чумла ишораи сурхе, ки чанд лахза фурузону хомуш мешавад, харакатро
манъ месозад.
Якчоя фурузон шудани ишорахои сурх ва зард харакатро манъ месозад ва аз фурузоншавии
дар пешистодаи ишораи сабз огох мекунад.
6.3 ишорахои чароги рахнамо, ки дар шакли акрабакхои дорои рангхои сурх, зард
ва сабз сохта шудаанд, хамон маъноро дорад, ки ишорахои мудаввари рангхои монанд
ба онхо доранд, аммо амали онхо ба тарафе (тарафхое) равона карда мешавад,
ки акрабакхо ишора мекунанд. Дар айни замон акрабаке, ки гардиш ба тарафи чапро
ичозат медихад, гардиш (тоб хурдан)-ро низ ичозат медихад, дар ин сурате, ки
ин амал бо аломати дахлдори рох манъ нашуда бошад.
Акрабаки сабзи чузъи иловаги низ хамин маъниро дорад. Ишораи хомушшудаи чузъи
иловаги харакатро ба самте, ки ин чузъ танзим мекунад, манъ месозад.
6.4 Агар дар ишораи асосии сабзи чароги рахнамо акрабаки (акрабакхои) сиёхи
суроби мавчуд бошад, он ронандагонро аз мавчудияти чузъи иловагии чароги рахнамо
огох месозад ва дигар самтхои ичозатшудаи харакатро нишон медихад, ки дар ишораи
чузъи иловаги мавчуд нестанд.
6.5 Агар ишораи чароги рахнамо суроби пиёдагард (велосипед)-ро дошта бошад,
чунин маъни дорад, ки амали он танхо барои пиёдагардон (велосипедронон) таъин
шудааст. Дар айни замон ишораи сабз харакати пиёдагардон (велосипедронон)-ро
ичозат медихад ва ишораи сурх харакати онхоро манъ месозад.
Барои танзими харакати велосипедронон хамчунин чароги рахнамое, ки ишорахои
мудаввар ба андозаи хурдкардашудаи бо лавхачаи иловагии росткунчаи сафедранги
андозааш 200х200, ки тасвири велосипеди сиёхрангро дорад, истсфода шуданаш
мумкин аст.
6.6 Барои огох кардани пиёдагардони нобино дар бораи ин ки онхо метавонанд
аз кисми мошингард убур кунанд, ба ишорахои нурии чароги рахнамо ишораи овози
хам илова кардан мумкин аст.
6.7 Борои танзими воситахои наклиёт бо хатхои кисми мошингард, аз чумла бо
хатхое, ки самти харакат бо онхо ба самти мукобил таъгир ёфта метавонанд. Чарогхои
рахнамои акибгарди (реверсиви) бо ишораи сурхи Х-шакл ва ишораи сабз бо шакли
тире, ки ба поён нигаронида шудааст, истифода бурда мешаванд. Ин ишорахо харакатро
ба самте, ки онхо дар болои он самт карор доранд, мутобикан манъ мекунанд ва
ичозат медиханд.
Ба ишорахои асосии чароги рахнамои акибгард ишораи зард ба шакли тири аз руи
диагонал ба рост ё чап поён кардашударо илова кардан мумкин аст, ки фурузон
шудани он оид ба ивазшавии дарпешистодаи ишора ва зарурати чой гирифтан ба
хатте, ки тир ба он ишорат мекунад, огохи медихад.
Дар вакти фурузон будани чароги рохнамои акибгарди, ки дар болои хатти аз харду
тараф бо аломати 1.9 ифодашуда чойгир аст, дохилшави ба ин манъ аст.
6.8 Ишораи мудаввари сафеди махтобранге, ки фурузону хомуш шуда меистанд ва
дар гузаргохи рохи охан чойгир аст, убури воситахои наклиётро аз гузаргох ичозат
медихад. Дар вакти хомуш будани ишорахои сафеди махтоби ва сурх харакат ба
шарте ичозат дода мешавад, ки дар масофаи дидашаванда катор (локомотив, дрезина)-и
ба гузаргох наздикшудаистода набошад.
6.9 Ишорахои танзимгар маънихои зеринро доранд:
Дастхои бардошта ва ба чонибхо дароз партофташуда: аз тарафи пахлухои чап ва
рост харакати трамвай мустакиман, воситахои наклиёти берелс мустакиман ва ба
тарафи рост гузаштани пиёдагардон аз кисми мошингард ичозат дода мешавад;
Аз тарафи сина ва пушт харакати хамаи воситахои наклиёт ва пиёдагардон манъ
аст.
Дасти рост ба пеш дароз карда шудааст:
Аз тарафи пахлуи чап харакати трамвай ба чап, воситахои наклиёти берелс ба
хамаи самтхо ичозат дода мешавад, аз тарафи сина харакати хамаи воситахои наклиёт
танхо ба рост ичозат дода мешавад;
Аз тарафи пахлуи рост ва пушт харакати хамаи воситахои наклиёт манъ аст;
Ба пиёдагардоне, ки аз тарафи пушти танзимгар карор доранд, убури кисми мошингард
ичозат дода мешавад.
Даст ба болобардошта шудааст:
Харакати хамаи воситахои наклиёт ва пиёдагардон ба хамаи самтхо, ба гайр аз
холатхои дар банди 6.13-и Коидахо пешбинишуда, манъ аст.
Танзимгар метавонад бо дастхои худ ишорахое намояд, ки ба ронандагон ва пиёдагардон
фахмо бошад.
Барои бехтар дида шудани ишорахои танзимгар метавонад аз ишорачуб ё доирачаи
сурхранг (нургардон) истифода намояд.
6.10 Талабот дар бораи боздоштани воситаи наклиёт ба воситаи дастгохи баландгуи
ё ишораи даст, ки ба суи воситаи наклиёт равона карда шудааст, дода мешавад.
Ронанда бояд дар чои нишондодашуда бозистад.
6.11 Ишораи иловаги ба воситаи хуштак барои чалб намудани диккати иштирокдорони
харакат дода мешавад.
6.12 Хангоми ишораи манъкунандаи чароги рахнамо (ба гайр аз ишораи акибгарди)
ё танзимгар ронандагон бояд дар назди хатти бозисти (аломати 5.33) истандва
агар чунин хат мавчуд набошад:
дар чорраха – ба пиёдагардон монеъ нашуда, дар назди кисми мошингарди буридашаванда
(бо дарназардошти банди 13.7-и Коидахо);
дар назди гузаргохи рохи охан – мутобики банди 15.4-и Коидахо;
дар дигар чойхо- ба дигар воситахои наклиёт ва пиёдагардоне, ки харакати онхо
ичозат дода шудааст, монеъ нашуда, дар назди чароги рахнамо ё танзимгар бозистад.
6.13 Ба ронандагоне, ки дар лахзаи фурузон шудани ишораи зарди
чароги рахнамо ё боло бардошта шудани дасти танзимгар, ба таври очил тормоз
надода, дар чойхои
муаяншудаи банди 6.12 Коидахо бозистода наметавонанд, идома додани харакат
ичозат аст.
Пиёдагардоне, ки дар лахзаи дода шудани ишора дар кисми мошингард каролр доранд,
бояд онро озот намоянд ва агар ин кор гайриимкон бошад, - бояд дар хатти чудокунандаи
анбуххои наклиёти самтхои мукобил бозистанд.
Ронандагон ва пиёдагардон бояд талаботи ишорахо ва дастурхои танзимгарро, хатто
дар сурате, ки онхо мухолифи ишорахои чароги рахнамо, талаботи аломатхои рох
ё аломатхои дигар хам бошанд, ичро намоянд.
6.14 Дар гузаргоххои рохи охан хамзамон бо ишораи чашмакзанандаи сурхи чароги
рахнамо хамчунин сигнали овози дода шуданаш мумкин аст, ки он пиёдагардонро
дар бораи манъ будани убури гузаргох огох мекунанд.
|